티스토리 수익 글 보기

티스토리 수익 글 보기

Маълумот дар бораи «Mozilla»

Интернетро бо мо барқарор созед

«Mozilla» кор карда истодааст, ки назорати Интернетро ба дасти одамоне, ки аз он истифода мебаранд, баргардонем.

Гурӯҳи мутафаккирон дар доирае дар рӯйи фарш нишаста, фикру мулоҳизаҳои худро мубодила мекунанд.

Якҷоя мо метавонем Интернетро барои ҳамаи мо осон, бехатар ва ройгон нигоҳ дорем.

Санадҳои асосии моро мутолиа намоед

  • Муҳофизат

    Мо тарафдори маҳсулоти беҳтар ҳастем ва аз ҳукуматҳо ва ширкатҳои технология талаб мекунем, ки барои он чӣ онҳо эҷод мекунанд, масъулият дошта бошанд.

  • Тадқиқот

    Мо барои шумо донишҳои рақамиро ошкор мекунем, барои беҳтар кардани маҳсулот маърака мебарем ва сиёсатҳоро пеш мебарем, то манфиатҳои шуморо намояндагӣ кунем.

  • Офариниш

    Мо маҳсулотеро месозем, ки шуморо таҳти назорат қарор медиҳанд — ба монанди «Firefox» ва барномаҳои дигар.

  • Сармоягузорӣ

    Мо ба одамон ва ташаббусҳое, ки технологияҳо, Интернет ва зеҳни сунъӣ (AI)-ро ба самти дуруст равона мекунанд, маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ мекунем.

Хабарҳо ва мақолаҳои охиринро дар бораи «Mozilla» хонед

Биёед ояндаи одилонаро бунёд созем

Аз назар гузаронед, ки мо чӣ тавр муҳити гуногун, фарогир ва дастрасро барои ҳама дар фазои онлайн ташаккул медиҳем.

Дар бораи уҳдадориҳои мо хонед

Ба мо ҳамроҳ шавед ва саҳми худро гузоред

Зеҳни сунъии (AI) боэътимод, «Common Voice», омӯзиши федеративӣ. Корманди «Mozilla» ҳангоми суҳбат. Корманди «Mozilla» қаҳва менӯшад. Кормандони «Mozilla» ҳамкорӣ доранд.

Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед ва ҳамаи маҳдудиятҳоро бартараф карда, имкониятҳоро васеъ намоед — бе нодида гирифтани чизҳои муҳим.

Меҳру муҳаббати ҷомеа — нерӯи асосии пешбарандаи мост

«Mozilla» ҷомеаи ҷаҳонии ихтиёриён, ҳамкорон ва саҳмгузорони дилсӯз аст, ки аз соли 1998 дар ҳамроҳӣ бо мо барои сохтан, ҳифз кардан ва ташаккул додани Интернет саҳм мегузоранд.

Аз навиштани рамз (барномарезӣ) ва ислоҳ кардани хатоҳо сар карда, то пуштибонии арзишҳои махфияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ ва нигоҳ доштани Интернет ҳамчун фазои озод барои ҳама — аъзои ҷомеаи мо сутуни асосии ҳамаи корҳои мо мебошанд. Шавқу садоқати онҳо моро ҳар рӯз илҳом мебахшад.

Шахс бо ҷуволи компютерӣ ва гарданбанд бо тамғаи «Mozilla».